Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эл Барадей: "Эрон ҳанӯз шанс дорад".


Раиси Бунгоҳи байнулмилалии нируи ҳаставӣ Муҳаммад Эл Барадей имрӯз гуфт, Эрон ҳанӯз шанс дорад, эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро дубора ба даст орад. Вай гуфт: "Ин марҳилаи ҳалкунанда аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ бӯҳронӣ нест. Ин як чораи эҳёи эътимод аст. Ниёзи фаврии Эрон ин аст, ки дар ба эҳёи эътимод иқдом кунад. Ин вале ягон таҳдиди гурезнопазир нест."
Шӯрои сарони Бунгоҳи байнулмилалии нируи ҳаставӣ имрӯз дар паси дарҳои баста масъалаи ирсоли парвандаи Эронро ба Шӯрои амнияти СММ баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ин нишаст то рӯзи ҷумъа идома кунад.
Эрон таҳдид кардааст, ки дар ҳоли ирсоли парвандааш ба Шӯрои амният ҳамаи ӯҳдадориҳо ва ҳамкориҳои худро бо ниҳоди ҳаставии СММ қатъ ва барномаи густардаи ғанигардонии уранро оғоз хоҳад кард.
Намояндаи Русия дар Бунгоҳи байнулмилалии ҳаставӣ, Григорий Берденников гуфтааст, кишвараш ба ирсоли иттилоъ дар бобати фаъолиятҳои ҳаставии Эрон ба Шӯрои амният мухолифат надорад.
Панҷ узви ҳаққиветодори шӯро -- Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Чин ва Бритониё аввали ин ҳафта ризоият доданд, ки парванда ба Шӯрои амният фиристода шавад. Онҳо сулҳомезии барномаи ҳаставии Эронро таҳтишубҳа мегузоранд, вале Теҳрон мегӯяд, барномааш хосияти ҳарбӣ надорад.
XS
SM
MD
LG