Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи таҳқиқи қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ҳанӯз боз нашудааст


мр

Тафтиши ҳодисаи ҳалокати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар бозори Черкизи шаҳри Маскав идома дорад ва дар ин робита ба зудӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Дар ин бора намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба радиои Озодӣ гуфт: "Шоми 26-уми январ дар бозори мазкур, дар шарқи шаҳри Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон Искандар Саидов кушта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони воқеъа вай бар асари латукӯби корманди милиса ба ҳалокат расидааст. Тахмин меравад, ки қотили Искандар корманди шӯъбаи 51-уми полиси Изамйлови Маскав аст. Намояндагони расмии вазорати умури дохилӣ ва додситонии Тоҷикистон дар Русия дар тафтиши ҳодиса ширкат хоҳанд кард. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин пажӯҳишро зери назар дорад ва ҳама корро хоҳад кард, ки қотил ба ҷазо кашида шавад. Дар ҳамин ҳол раиси Иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони Маскав Кароматулло Шарифов гуфтааст, шоҳидони зиёде мегӯянд, ки Саидов бар асари зарбулати корманди милисаи Русия дар ҳудуди бозор ҷон дод. Ин воқеа садҳо тоҷикро дар ин ҷо ба эътироз овард, вале таҳти фишори милиса онҳо пароканда шуданд. Сардхонаи Маскав, ки ҳоло ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон он ҷост, сабаби марги ӯро на зарбулат, балки сактаи дил эълон кардааст. Ба гуфтаи Шарифов ин 18-умин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар бозори Черкизи Маскав кушта мешавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, танҳо аз аввали моҳи январ дар ҳудуди Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG