Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Мирзоев гуфтааст, ки ба адолати додгоҳ бовар надорад


Абдулқаюм Юсуфов, яке аз вакилони дифои Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонсии мубориза бо гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи душанбеи 30 январ бо баргузории як нишасти хабарӣ эълом дошт, ки нафари зери ҳимояташ ба ҳайати додгоҳӣ дар мавриди баррасии мунсифонаи парвандааш дар додгоҳ эътимод надорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дархости Мирзоев ва вакилони дифои ӯ аз сӯи ҳайати додгоҳӣ рад шудааст. Ӯ гуфт: «Пас аз оғози мурофиа, бо сабаби он ки яке аз айбдоркунандаҳои давлатӣ, Юсуф Раҳмонов, сардодситони ҳарбии Тоҷикистон ҳамчунин роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ буд, Мирзоев нисбати ӯ раддия эълон кард. Ва бо сабаби он ки ин раддияи қонунии Мирзоев пазируфта нашуд, Мирзоев ба раиси муҳокима изҳори нобоварӣ кард»
Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили дигари дифои Ғаффор Мирзоев, мегӯяд, нафари зери ҳимояташ бо иллати он ки баррасии парвандаи додгоҳиаш пушти дарҳои баста ва ҳамзамон дар боздоштгоҳи тафтишоти қаблӣ ҷараён мегирад, ба баррасии мунсифонаи парвандаи худ аз сӯи ин ҳайати додгоҳӣ комилан эътимод надорад. Ӯ гуфт, Мирзоев тамоми айбномаро рад мекунад ва худро бегуноҳ мешуморад. Ба эътиқоди оқои Ёров, дар сурати аз дӯши нафари зери ҳимояташ иттиҳоми табаддулоти давлатӣ бардошта нашавад, зарурати даъвати раиси ҷумҳур ба ҳайси сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар баррасии додгоҳии парандаи мазкур пеш меояд:
«Вобаста ба парванда зарурати пурсиши президенти Тоҷикистон пайдо мешавад, чунки ӯ сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Тафтишот нуқтаи назари сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳро нагирифтааст, ки сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ оё ҳамин ҳолати ба вуҷуд омадаро исёни мусаллаҳ мешуморад ё на?»
Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонсии мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи горди президентии Тоҷикистон, тибқи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар 112 маврид муттаҳам дониста мешавад ва бо қарори додситони кулли кишвар баррасии 8 нуктаи айбнома мавқуф гардидааст. Ба иттилои вакилони дифои оқои Мирзоев, нафари зери ҳимояташон ҳангоми боздошт бархе аз иттиҳомотро ба дӯш гирифта буд, вале феълан, ҳамаи иттиҳомоти алайҳи худ эъломшударо рад мекунад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG