Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поксозӣ аз мина маблағ мехоҳад


Маркази Миллии минрубии Тоҷикистон дар нишасти машваратии намояндагиҳои кишварҳо ва созмонҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хостори се миллион доллар барои безарар кардани минтақаҳои хатарнок дар соли 2006 шуд.
Ҷонмаҳмад Раҷабов-раиси Маркази Миллии минрубии Тоҷикистон маблағгузории кишварҳо ва созмонҳоро дар соли равон дар роҳи поксозии минтақаҳои минхобонидашуда нокофӣ хонд ва гуфт, агар дар соли оянда ҳам мизони сармоягузорӣ беҳтар нашавад, барномаи поксозии минаҳо дар Тоҷикистон, ки то моҳи апрели соли 2010 идома хоҳад дошт, муввафақ нахоҳад шуд.

"Мо натавонистем нақшаи имсолаи худро пурра татбиқ кунем, барои он, ки маблағи заруриро барои татбиқи барнома дастрас карда натавонистем. Соли оянда барои мо тақрибан се милён доллар зарур аст".

Оғои Раҷабов мегуяд, гуруҳҳои кории минруб дар 11 моҳи соли равон ба поксозии 110 ҳазор метри мураббаъ муваффақ шуда, беш аз 1000 мина ва маводи мунфаҷираро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон безарар кардаанд. Аммо вай ин суръати корро нокифоя медонад ва меафзояд, агар соли оянда ҳудуди се миллион доллар маблағ ва кумкҳои фанӣ дастрас нашавад, вазъи хатарнок дар доманкуҳҳо ва дар минтақаҳои марзӣ боқӣ меонад. Бар асари таркиши минаҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон даҳҳо нафар сокинони мантақаҳои марзии Тоҷикистон кушта ва ҷароҳат бардоштаанд. Аммо дар нишасти Шурои Мудирони Кумитаи сармоягузор ин мавзуъ матраҳ ва баррасӣ нашудаасст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG