Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ғаффор Мирзоев ба додгоҳ рафт


М. Холиқзод

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Додситонии Низомӣ ва Додстонии Кулли Тоҷикистон, парвандаи Ғаффор Мирзоев- собиқ Раиси Ожонси гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ин кишвар такмил ва барои мурофиа ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар мавриди муддати эҳтимолии маҳкумияти Ғаффор Мирзоев аз озодӣ чизе гуфта намешавад . Аммо тибқи хабари ин манбаъ, қарор аст фардо, 30- ноябр Додгоҳи Олии Тоҷикистон қозии мурофиаи додгоҳии ӯро таъйин кунад. Дафтари матбуотии Додситонии Низомии Тоҷикистон мегуяд, пас аз такмили ниҳоӣ парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев дар парванда тағйире ворид нашудааст. Ҳафтаи қабл Ғаффор Мирзоев бо радди иттиҳомоти матруҳа алайҳи худ хостори бознигарии парвандаи хеш шуда буд. Қаюм Юсуфов -вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев дар ин робита иброз дошт, ки ҳайати вукалои мудофеъи Ғаффор Мирзоев ба мақомоти бозрасӣ беш аз 40 дархост фиристодааст ва хостааст дар мавриди парвандаи Ғаффор Мирзоев таҷдиди назар сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG