Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти имоми собиқи Тошканд


Яке аз гумонбарони асосии фаъолияти тундравонаи мазҳабӣ дар Ӯзбакистон ахиран дар ҷануби Қазоқистон боздошт шуд.
Руҳуддин Фахриддинов, собиқ имоми масҷиди Тошканд аз соли 1998 дар фирор буд. Ӯро ба раҳбарии бахши тошкандии Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон гунаҳгор мекунанд.
Падари вай, Фазлиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти писарашро тасдиқ намуд.
Фазлиддин Фахриддинов гуфт, ки писари ӯ дар ҳеҷ фаъолияти тундравона даст надорад:

Ин тӯҳмат аст, танҳо тӯҳмат. Агар писари ман дар кадом амали ғайриқонунӣ даст дошта бошад, чаро онҳо намегӯянд, ки он маҳз чӣ амал аст? Агар ӯ ба кадом кори нодуруст, масалан, таблиғоти ғайриқонунӣ ё ҷиноёт даст дошта бошад, пас чаро мақомот ба ман инро дақиқ намегӯянд, ва ё барои исботи ҷинояти вай ягон навори видеоро нишон намедиҳанд? Ман аз полис пурсидам, ки гуноҳи писарам чист. Онҳо танҳо гуфтанд, ки "мо барои боздошти ӯ дастур гирифтаем." Дар мавриди иттиҳом ва гуноҳи вай чизе намегӯянд.

Ҷомеаи байналмилалӣ ҳукумати раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон Ислом Каримовро барои ба гуфтаи онҳо, саркӯб кардани диссидентҳои мусулмон мавриди танқиди шадид қарор додааст.
Дар ин миён, вакилони дифоъи Санҷар Умаров, фаъоли боздоштшудаи мухолифини Ӯзбакистон, шикоят мекунанд, ки мақомот ба онҳо иҷозати мулоқот бо Умаровро намедиҳанд ва ҳамчунин дархости онҳоро дар мавриди муоинаи тиббии Умаров рад кардаанд.
Санҷар Умаров, ки раҳбари гурӯҳи оппозитсионии Ӯзбакистони Офтобӣ мебошад, моҳи октябр ба иттиҳоми ихтилос ва фиребкорӣ дар пардохти молиёт ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамсари Умаров ва ёварони ӯ аз вазъи рӯҳӣ ва саломатии Санҷар Умаров дар зиндон изҳори ташвиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG