Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури русҳо қонунӣ шуд


Н. Холзода

Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия қонунеро дар бораи мақоми қонунии пойгоҳи низомии Руссия дар Тоҷикистон имзо кард. Дар аввали соли ҷорӣ Думои Давлатӣ ва Шурои Федеросиюни Руссия ин қонунро ба тасвиб расонда буданд. Дар ин қонун шумораи низомиён ва сохтори ин пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон мушаххас шудааст.
Баъд аз фурупошии Шуравии собиқ нируҳои Руссия дар Тоҷикистон боқӣ монданд, вале то ҳол онҳо барои ҳузури худ дар Тоҷикистон асоси қонунӣ надоштанд. Аз замони фурупошии Шуравӣ, яъне аз соли 1991 то ҳол ду ҷониб дар бораи ҷанбаҳои қонунии ҳузури нируҳои Руссия дар Тоҷикистон машғули музокира буданд.
XS
SM
MD
LG