Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будиҷаи соли ояндаро баррасӣ кардааст


Имрӯз, 29 октябр, дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни будиҷаи давлатӣ барои соли оянда баррасӣ шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонов зимни муаррифии тарҳи қонуни будиҷа гуфт, 48 дарсади қисми харҷи тарҳи будиҷа махсуси соҳоти иҷтимоӣ хоҳад шуд. Дар соли 2006 қисми дахли будиҷа 1 миллиарду 510 миллион сомонӣ ва қисми харҷаш 1 миллиарду 542 миллионро ташкил хоҳад дод. Касри будиҷа ба ин тартиб, ба 32 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки баробари 0,5 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли оянда ҳисоб шудааст.

Оқои Раҳмонов дар суханрониаш баргузории ҷашнҳое ба мисли Соли Тамаддуни Ориёӣ, 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва 2700-солагии Кӯлобро аз муҳимтарин маъракаҳои ҷашнии соли 2006 унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG