Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Русия


Муҳаммадраҳими Сайдарё

Аъзои Шӯрои Федератсияи Русия бо аксари оро созшномаи ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд. Муовини кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсия Вячеслав Попов, ки санадро ба аъзои шӯро муаррифӣ кард, тавзеҳ додааст, дар созишнома мақом ва шароити истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон матраҳ аст ва ин санад заминаҳои ҳуқуқи пойгоҳ ва ҳайъати низомии Русия дар Тоҷикистонро мушшахас менамояд.
Намояндаи Шӯрои Федератсия эълом доштааст, созишнома ҷавобгӯи манофеъи раҳбурдии дарозмуддати Русия аст ва барои осоишу субот дар Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, созишнома барои амният ҳифзи марзҳои давлатӣ, таҳкими нуфузи низомӣ ва сиёсии Русия дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризм мусоидат менамояд. Созишномаи ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 дар Душанбе имзо шуда буд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG