Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин мегӯяд...


Ҳаштод дар сади масоҷид ва созмонҳои динӣ дар пойтахти кишвар ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул буда ва дар ягон идороти давлатӣ сабти ном нашудааст. Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи оид ба дини Тоҷикистон, ки дар ҳузури хабарнигорон фаъолияти семоҳи ахири ниҳоди зери назарашро натиҷагирӣ мекард, гуфт, дар пайи санҷиши фаъолияти бархе аз масоҷид дар пойтахт аз сӯи комиссияи махсус ошкор шудааст, ки аксари масоҷиди фаъол ва амалкунанда аслан кадом ҳуҷҷате надоранд. Ӯ гуфт, бо ирсоли як нома ба масъулини навоҳии кишвар, Кумитаи дини Тоҷикистон тақозо кардааст, ки бо ташкили комиссияҳои вижа қонунмандии фаъолияти ҳама масоҷид ва созмонҳои динӣ ва савияи савод ва сатҳи дониши имом-хатибҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд. Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз афзоиши шеваи таълими инфиродӣ - ҳуҷравии бидуни назорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки чунин тарзи таълими динӣ муғойир ба қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динист. Аммо, ҳамзамон оқои Давлатов ҳузури духтарони донишомӯз дар макотиби мутавассита ва донишгоҳҳоро бо ҳиҷоб кори шахсии онҳо номид. Ба таъйиди раиси Кумитаи дин дар соли ҷорӣ низ сафари зоирини ҳаҷро аз Тоҷикистон ҳамин Кумита ба ӯҳда хоҳад дошт. Тибқи иттиллои Кумитаи дини Тоҷикистон дар саросари кишвар 86 созмонҳои динии ғайрисломӣ, 18 мадрасаи мутавассита бо шумули як мадрасаи занона, як донишгоҳи олии исломӣ, 234 масҷиди ҷомеъ ва 2800 масҷиди панҷвақта фаъолият мекунад. Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки таҳияи лоиҳаи ҷадиди қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» анҷом шуда ва қарор аст, дар моҳи оянда мавриди муҳокимаи ҳукумати кишвар қарор бигирад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG