Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи айбдоршавандагони шӯриши Андиҷон


Тошканд

Дар шаҳри Тошканд муҳокимаи 15 шахси муттаҳам бо танзими шӯриши моҳи май дар шаҳри шарқии Андиҷони Узбакистон оғоз ёфт. Додситонӣ гуфт, ки муттаҳамҳо ба терроризм, нигаҳдошти ғайри қонунии силоҳ, куштор, гаравгонгирӣ ва озод кардани маҳбусон даст задаанд.
Анвар Набиев-муовини Додситони кулли Узбакистон иброз дошт, ки 15 фаъоли мазҳаби Акрамиҳо: яке аз шохаҳои созмони тундрави Ҳизб-ут-таҳрир, аслан дар паи сарнагун кардани ҳукумати Узбакистон буда, масъулияти ҷиноятҳои вазнинро бар дӯш доранд.
Ба шаҳодати муовини Додситони кулли Узбакистон таҳиягарони ин аъмоли террористӣ муътақид буданд, ки беназмиҳои Қирғизистон ва хайрхоҳони зиёди созмони Акрамиҳо дар қаламрави Узбакистон ба шӯриши Андиҷон хеле мусоидат хоҳанд кард.
Се нафари гумонбарон шаҳрвандони Қирғизистон буда, афроди боқимонда сокинони шаҳрҳои Андичон, Қуқанд ва Тошканди Узбакистон ҳастанд.
Дар рӯзи аввали муҳокима кормандони умури интизомӣ атрофи бинои Додгоҳи олии Узбакистонро иҳота карда буданд.
Агар гуноҳи муттаҳамҳо собит гардад, додгоҳ метавонад онҳоро ба марг маҳкум намояд.
Мақомоти Узбакистон таъкид мекунанд, ки аснои таъқиби гирдиҳамоиҳои Андиҷон 187 кас, асосан террористон, сарбозон ва мардуми осоишта ба қатл расиданд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар шумораи расмии кушташудагонро зери шубҳа гузошта, хавф доранд, ки бахши бузурги фавтидагон афроди осоишта буданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар " Амнести Интернешенел" ва "Ҳуман Райтс Воч" изҳор намудаанд, ҳукумати Узбакистон ҳар касеро, ки мехоҳад дар бораи ҳақиқати рӯйдодҳои Андиҷон ҳарф занад, ба муҷозоти бераҳмона гирифтор мекунанд.
XS
SM
MD
LG