Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 8 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон


Ҳашт узви як гурӯҳи синафараи мусаллаҳи вобаста ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, бо шумули яке аз созмондеҳ ва сарвари ин даста дар қаламрави Тоҷикистон зимни амалиёти вижаи кормандони вазорати умури дохилаи ин кишвар боздошт шуданд. Соҳиб Сулаймонов - раҳбари ҳайати бозрасони додситонии кулли Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, гурӯҳи зудамали идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохила таъқиби ин дастаро аз чанд вақт ба ин сӯ идома медод. Ба гуфтаи ӯ, ин дастаи мусаллаҳи ғайриқонунӣ тайи се сол дар Душанбе ва навоҳии атрофи он даст ба як қатор ҷиноёт аз ҷумла куштор, роҳзанӣ, таҳияи асноди ҷаълӣ зада ва ҳамчунин, ба ҷалби афрод ба сафи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон машғул будааст. Соҳиб Сулаймонов гуфт, ки аъзои дастаи мусаллаҳи вобаста ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар ин муддат чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла як корманди вазорати дифоъ, як ходими идораи гумрук ва ҳамчунин Асадулло Мазориев -сармуфаттиши собиқи вазорати умури дохиларо дар моҳи апрели соли равон дар Душанбе ҳадафи тир қарор додаанд. Раҳбари ҳайати бозрасони додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар идомаи амалиёти боздошти ин гурӯҳ дар пойтахт як узви дигари дастаи мазкур бо истифода аз маводи мунфаҷира худро тарконида ва танҳо чолокии ходимони гурӯҳи фаврӣ будааст, ки аъзои хонаводаи ӯро аз марг наҷот диҳад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, ин шохаи мусаллаҳи вобаста ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ҳадаф доштааст, дар қаламрави Тоҷикистон тамриноти ҷанг, таълими низомӣ ва омодагии ҷангӣ касб кунад. Соҳиб Сулаймонов гуфт, ба ҳангоми боздошт аз Бахтиёр Амонбоев, роҳбари ин дастаи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки табааи Ӯзбакистон мебошад, панҷ шиносномаи тақаллубӣ аз ҷумла, як шиносномаи кишвари Афғонистон бо номҳои мухталиф мусодира шудааст. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти таъқиби аъзои боқимондаи ин гурӯҳ як пинҳонгоҳи онҳо бо якуним тонна силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ ва маводи мунфаҷира дар ноҳияи Ҷиргатол воқеъ дар шарқи кишвар кашф ва мусодира шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG