Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад имсол 610 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунад


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати сарвазир Оқил Оқилов, дараҷаи омодагии муҷтамаъи кишоварзӣ ба ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта ва пардохти саривақтии музди кишоварзон баррасӣ шуд. Дар ин нишаст ҳамчунин раисони 35 ноҳияи пахтакор, ширкатҳои сармоягузорон ва намояндагони банкҳои Тоҷикистон иштирок карданд. Ҳукумат оғози мавсимро расман ба 1-уми сентябр муқаррар намудааст.
Сарвазир Оқилов ба вазорату идораҳои масъул дастур дод, ки деҳқононро бо техника, маводи сӯхт ва нақлиёт таъмин кунанд. Имсол қароор аст, 610 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Соли гузашта нақшаи давлатии пахта иҷро нагардид ва ҷамъи ҳосил 567 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол корбасти қонуни нави андоз аз замин кишоварзони бе ин ҳам миллионҳо доллар қарздори тоҷикро ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, афзоиши андоз арзиши маҳсулотро баланд бурда бошад ҳам, нархи давлатии хариди он бетағйир боқӣ мондааст. Созмонҳои байнулмилал гуфтаанд, такияи Тоҷикистон ба пахта ҳамчун зироати асосӣ, кишоварзии онро аз гуногуншаклӣ ва густариш боздоштааст. Ин созмонҳо ҳамчунин сӯиистифодаи нирщи хурдсолонро дар ғунучини пахта танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG