Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми нави Бахтиёр Худойназаров


Дар ширкати синамои "Сентрал Партнершип"-и Маскав таҳияи филми нави коргардони тоҷики муқими Руссия Бахтиёр Худойназаров "Киштии нафткаши "Танго" поён ёфт. Филми нав ва бештари саҳнаҳои он дар нимҷазираи Қрим, дар соҳили баҳри Сиёҳ ба навор бардошта шудаанд. Елена Тикунова, яке аз аъзои гурӯҳи эҷодии филми нав ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, Бахтиёр бори аввал ба филми моҷароӣ рӯ овардааст ва тавре ба назар мерасад, дар ин жанр муваффақ ҳам шудааст.
Дар филми нави Бахтиёр Худойназаров нақшҳои асосиро ситораҳои нави синамои Русия Денис Никифоров, Екатерина Гусева, Марат Башаров, Ирина Розанова, Лариса Гузеева офаридаанд. Елена Тикунова гуфт, ки филми "Киштии нафткаши "Танго" дар ду шакл - чун филми ҳунарии алоҳида ва чун сериёли телевизионӣ - миёнаҳои моҳи сентябр ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Аз ин пеш Бахтиёр Худойназаров, ки зодгоҳаш Тоҷикистон аст, филми "Шик"- ро ба навор бардошта буд. Мусиқии филм маҳсули заҳмати оҳангсози тоҷик Далери Назар буд. Ва аммо, тавре ба назар мерасад, Бахтиёр Худойназаров дар филми наваш нафаре аз ҳамватанони собиқашро ҷалб накардааст.
Саидқосими Қиёмпур, Прага
XS
SM
MD
LG