Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши эътирозии гурӯҳи занон дар назди кохи президент


Гурӯҳи занон аз ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз аз боздошти фарзандҳояшон, ки ба гумони ҳамла ба манзили падари Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллӣ дастгир шудаанд, дар назди қасри президенти Тоҷикистон ҷамъ омадаанд. Яке аз ин занон гуфт, фарзандаш ҳеҷ гуноҳ надорад, лекин ӯро ба зӯрӣ ба шӯъбаи шашум ё раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохила овардаанд. Се рӯз аст, ки аз сарнавишти фарзандаш хабар надорад.
Мусоҳиби дигар мегӯяд: «Аз хонаҳои ҳамсояҳои мо чаҳор нафар ҷавонро, ки гӯё ба қасди ғорат ба манзили падари Алимардонов ворид шуда бошанд, ба Душанбе овардаанд. Дар бораи онҳо ҳеҷ хабар надорем. Мо мехоҳем, президент Эмомалӣ Раҳмонов моро қабул кунад. Мо фақат озодии фарзандонамонро мехоҳем».
Дар ҳамин ҳол, теъдоди кормандони милисаи пойтахт ба хотири пароканда кардани ҳамоиш бештар шуд ва ду нафар аз онҳо хабарнигори Радиои Озодӣ, Ҳумоюни Шаҳриёрро иҷозаи аксбардорӣ ва сӯҳбат бо занон надоданд. Кормандони милиса новобаста аз тақозои занон онҳоро пароканда карданд.
Яке аз кормандони милиса, ки аз овардани номаш худдорӣ намуд, гуфт, ба ҷои ин ки занон ба идораҳои масъули ноҳияи Ҳисор муроҷиат кунанд, назди кохи раёсатҷумҳур омадаанд. Аммо занони эътирозгар, ки бино ба гуфтаҳояшон модарон ва хоҳарони тақрибан даҳ нафар боздоштшуда будаанд, мегӯянд, фарзандони онҳоро бегуноҳ боздошт кардаанд ва ба доди онҳо дар додситонии ноҳияи Ҳисор нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG