Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе" соҳиби ҷоми Абдулло Муродов


Мусобиқаи дастаҳои баскетболи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Абдулло Муродов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва мураббии варзидаи тоҷик бо пирӯзии тимҳои мардонаю занонаи шаҳри Душанбе ба поён расид. Ин мусобиқа бо ширкати даҳ даста дар толори мактаби махсуси захираҳои олимпии пойтахти ин кишвар тӯли панҷ рӯз идома кард. Дар рақобатҳои тимҳои мардона дастаи аввали Душанбе дар бозии ниҳоӣ бар дастаи дуввуми пойтахти Тоҷикистон бо натиҷаи 76 бар 47 ғалаба карда, севвумин бор соҳиби ҷоми ба номи Абдулло Муродов гардид. Қадамшоҳ Холов, мураббии дастаи Душанбе-1 гуфт, мусобиқа барои гиромидошти хотираи Абдулло Муродов, яке аз поягузорони баскетболи касбӣ дар Тоҷикистон барои рушди ин риштаи варзиш миёни ҷавонони тоҷик мусоидат хоҳад кард. Дар рақобатҳо миёни тимҳои занона низ дастаи аввали Душанбе дар бозии ниҳоӣ дастаи дуввуми пойтахти ин кишварро бо натиҷаи 46 бар 33 шикаст дод ва дуввумин бор барандаи ин мусобиқа шуд.

Ва ҳоло як хабар барои ҳаводорони футбол. Дар даври севвуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал тими «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахти ин кишвар бар дастаи «Меҳнат»-и Колхозобод бо натиҷаи се бар як ва тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон бар дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи ҳафт бар чаҳор ғалаба карданд. Ба ин тартиб, «Тоҷиктелеком» бо нӯҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG