Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳраки нав барои осебдидагони офати табиӣ


Мақомоти ноҳияи Панҷакент эълон карданд, ки барои оилаҳое, ки дар натиҷаи боришоти шадиди ахир бесарпаноҳ монданд, дар мавзеъи Саразми ин ноҳия як шаҳраки нав месозанд. Нарзулло Дадобоев - сарвари маркази иттилоъотиву таҳлилии ҳукумати вилояти Суғд 14 - уми июн ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, бо қарори устондории вилоят дар мавзеъи Саразми Панҷакент барои сохтани шаҳраки ҷадид замин ҷудо карда шудааст. Ҳаштод хонавода, ки сел ба куллӣ хонаҳояшонро хароб кардааст феълан дар ҳамин мавзеъ дар хаймаҳо иқомат доранд.
Нарзулло Додобоев мегӯяд: «Ин шаҳрак дар масоҳати 50 гектар барои 500 хонаводаи хисоротдида ва бо иншоотҳои зарурӣ, аз ҷумла мактаб барои 620 муҳассил, боғчаи кӯдакон, бунгоҳҳои тиббӣ, маркази мадании дорои китобхона ва толори варзишӣ бунёд хоҳад гашт.»
Нарзулло Дадобоев ҳамчунин гуфт, манзилҳои зист барои зарардидагон аз ҳисоби буҷаи давлати Тоҷикистон ва бо кӯмаки молии созмонҳои хайрияи байналмилалӣ сохта хоҳанд шуд.
Селу боронҳои шадиди рӯзҳои 8-ум ва 11 июн 5 сокини минтақаи ноҳияи Панҷакент, аз ҷумла 3 кӯдакро ба ҳалокат расонида, 80 манзили сокинони деҳаи Шингро пурра ва беш аз хонаи 140 хонаи ин деҳа ва ҷамоати Рӯдакии ноҳияро қисман хароб кардааст. Ба иттилоъи ҳукумати Суғд, ин офати табиӣ ба ноҳияи Панҷакент беш аз 6 миллион сомонӣ зарари молӣ расонидааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG