Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи муовини раиси Ҳизби Тараққиёт шурӯъ мешавад


Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, ҳафтаи оянда муҳокимаи парвандаи ҷиноии Рустам Файзиев муовини раиси ҳизби то кунун сабти номнашуда дар ин кишвар "Тараққиёт"-ро шурӯъ хоҳад кард, ки ҳудуди як сол аст, дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон ба сар мебарад.
Рустам Файзиевро вазорати амният дар таҳқир ва бӯҳтон ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, кӯшиши барангехтани адовати милливу мазҳабӣ ва нажодӣ айбдор мекунад. Муовини раиси Ҳизби Тараққиёт моҳи августи соли 2004 таввасути маъмурони вазорати амнияти Тоҷикистон боздошт шуд. Қабл аз боздошти ӯ мақомоти интизомӣ ҳангоми кофтукови дафтари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе номаҳо ба унвонии Додгоҳи Байналмилалии Гаагаро пайдо кардаанд, ки гӯё дар онҳо аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шикоят мешавад. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, зери ин номаҳо имзои Рустам Файзиев гузошта шудааст.
Раиси Ҳизби Тараққиёт Султон Қувватов, ки ҳизбаш беш аз се сол аст, сабти ном нашудааст, қаблан таҳдид карда буд, ки дар сурати дар вазорати адлия сабти расмӣ накардани Ҳизби Тараққиёт ба Додгоҳи Байналмилалии Гаага шикоят хоҳад мебарад. Султон Қувватов, раиси собиқи Кумитаи андози Тоҷикистон ва яке аз мунтақидони сиёсати президент Раҳмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷиноии Рустам Файзиев танҳо заминаи сиёсӣ дорад, зеро ба қавли ӯ "номанависӣ гуноҳ нест".
XS
SM
MD
LG