Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири Тоҷикистон барои тақвияти марз бо Узбакистон


Масъулини Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон таъйид карданд, ки ба дунболи бархӯрд ва нооромиҳо дар шаҳри Андиҷони ҳамсоякишвари Ӯзбакистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ ва саросари имтидоди марз бо ин кишвар тақвият ёфта ва ҳамзамон нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Абуҷаббор Ҳомидов- муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, меъёри қабулшудаи байналмилалӣ аст, ки ҳангоми ташаннуҷи авзоъ дар ягон кишвар, кишвари ҳамсоя барои ҳифзи марзҳои худ тадобири иловагии амниятӣ меандешад ва ҳифозати марзи худро қавӣ мекунад ва ин ба манфиати ҳар ду кишвар аст.
Абдуҷаббор Ҳомидов илова кард, ки ба манзури амният дар марзи се ноҳияи ҳамсарҳади Ашт, Исфара ва Конибодом воқеъ дар қисмати шимоли кишвар бо водии Фарғонаи Ӯзбакистон, ки Андиҷон макони нооромӣ низ дар ҳудуди он қарор дорад, дидбонгоҳҳои иловагӣ оғоз ба кор кардааст.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ин самти марз бо Ӯзбакистон танҳо гузаргоҳи марзии расмӣ дар ноҳияи Конибодом қарор дорад, ки новобаста аз ташдиди низоми ҳифзи марз боз ва фаъол мебошад. Оқои Ҳомидов ҳамзамон сарусадоҳоро дар мавриди қатъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон беасос хонд. Вале ба таъйиди манобеи нирӯҳои марзбонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҳаргуна ҳаводиси ғайриинтизор реҷа ва низоми махсуси назорат дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳани кишвар роҳандозӣ шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG