Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди обанбори нав дар Бадахшон


Ширкати туркии "Аяк Иншоот"-и Туркия дар мавзеъи Яшилкӯли ноҳияи Мурғоб ба сохтмони иншооти танзимкунандаи об шурӯъ кард. "Аяк Иншоот" барандаи тендери сохмони иншооти мазкур, ширкати "Бадахшон Интернешнл"-ро иваз намудааст.
Пӯлод Мирзобеков - муҳандиси ширкати "Помир Энержӣ" сармоягузори сохтмон ва молики нерӯгоҳи барқии Помир гуфт, "Бадахшон Интернешнл" барандаи тендери қаблӣ ду сол пеш ба сохтмони иншооти мазкур шуруъ карда буд, аммо барои аз ӯҳдаи иҷро кор набаромадан ва иллати камбуди техникаву кашолкории он "Помир Энержӣ" тасмим гирифт, аз хидмати ин ширкат даст кашад ва тендери нав баргузор намояд.
Ширкати туркӣ тасмим гирифтааст, бунёди иншооти танзимкунандаи обро то моҳи ноябр ба поён расонад. Тибқи нақша бо анҷоми ин сохтмони ин обанбор имконияти истифода аз оби Яшилкӯл, ки саввумин кӯли бузурги Бадахшон аст, муҳайё мешавад. Оби кӯл барои дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани оби рӯдхонаи Ғунд дар фасли сармо ва ба ин васила танзими фаъолияти муҳаррикҳои нерӯгоҳи Помир равона мешавад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG