Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи 1 миллиард рубл барои пойгоҳи низомии Русия


Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, дирӯз гуфт, барои мукаммал кардани пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон дар чанд соли наздик беш аз як миллиард рубли русӣ масраф хоҳад шуд. Ӯ пас аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар он ҳамкориҳои низомии ду кишвар баррасӣ шудааст, гуфт, барои фаъолияти мӯътадили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ду-се соли наздик қариб 1 миллиарду 200 миллион рубл зарур аст ва танҳо имсол барои сохтани қароргоҳҳои сарбозон ва мактабу кӯдакистонҳо барои оилаҳои афсарон 250 миллион рубл ҷудо хоҳад шуд.
Вазири дифоъи Русия имрӯз ба марҳилаи ниҳоии машқҳои низомии қувваҳои кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон., Арманистон, Беларус ва Русия назорат хоҳад кард, ки дар размоишгоҳи Эшакмайдони Тоҷикистон мегузарад.
Сергей Иванов доир ба ҳадафи машқҳо дар шаҳри Душанбе гуфт: "Сенарияи машқҳо баргардонидани ҳамлаи албатта шартии гуруҳҳои бузурги терористони байналмилалӣ аст, ки ба хоки ин ё он кишвари соҳибистиқлоли узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ворид шудаанд. Вазифаи низомиён низ ҳамин аст, ки барои посух ба ҳар гуна хатароти фарзӣ ва ё воқеъӣ омода бошанд. Ва мо низомиён ба ин машғулем новобаста аз мушкилоти вазъияти сиёсӣ дар ин ё он кишвар." Машқҳои низомии кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи якуми апрел дар Тоҷикистон шуруъ шуд ва имрӯз хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG