Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ҲСДТ аз тағйири ҳукумат дар Қирғизистон


Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ба сурати расмӣ аз таҳаввулоти сиёсии Қирғизистони ҳамсоя ба Тоҷикистон истиқбол кардааст. Раҳматулло Зойиров - раиси ин ҳизб рӯзи 28 март зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳаводиси Қирғизистон аз як ҷиҳат баёнгари воқеъияти ҷавомеъи Осиёи Марказӣ буда ва аз ҷониби дигар таъсири онҳо ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон иҷтинобнопазир хоҳад буд. Агарчанд гуфт ӯ, сатҳи омодагӣ ва муташаккилии нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон бо Қирғизистон қобили қиёс нест.
Оқои Зойиров ҳамчунин гуфт, рӯзномаи "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ хоҳад кашид, зеро ба гуфтаи ӯ ин нашрия шахсияти ӯро таҳқир ва тӯҳмат кардааст. Раҳматулло Зойиров афзуд, "Ҷумҳурият" дар таърихи 24 март навиштааст, ки ӯ гумоштаи хадамоти амниятии Узбакистон мебошад.
Оқои Зойиров ҳамчунин гуфт: "Аз ҳизби мо ба унвони омили нуфузии Узбакистон ёд мекунанд. Ман ин миллатро эҳтиром мекунам, аммо аз соли 1975 дар Узбакистон ба сар намебарам. Ин ҳарфҳо ҳадафҳои сиёсӣ дорад. Масъалаи миллӣ бисёр ҳассос аст ва зудӣ ба ин тариқ метавон сиёсатмадорро бадном сохт ва бинобар ин ҳарифони мо аз ҳамин васила кор мегиранд."
Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, нерӯҳои мухолифи ин кишвар бояд таҷдиди сохтор ва барнома кунанд ва дар дараҷаи аввал бояд нерӯҳои тозанафас ва ходимони давлатии ҳозиру собиқро низ ба суфуфи худ ҷалб кунанд. Моҳи сентябр ба назари ӯ, замони оғози шиддати таҳаввулоти сиёсӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG