Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории вазорати адлия аз сабти номи созмони амрикоӣ


Вазорати адлияи Тоҷикистон шӯъбаи Институти миллӣ-демократии Амрико дар Душанберо сабти ном накардааст, зеро ба гуфтаи Исроил Шоев - сардори идораи вазорати адлияи Тоҷикистон асноди пешниҳодии намояндагии институт бо қавонини кишвар муғойират мекард: "Баъзе нуктаҳои низомнома, ба қонунҳои Тоҷикистон мухолиф буд."
Исроил Шоев зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иштибоҳоти ҷойдошта дар асноди шӯъбаи Институти миллӣ-демократӣ Амрикоро тавзеҳ надод. Вай афзуд, вазорати адлия аз созмони мазкур дархост кардааст, асноди худро ислоҳ карда, ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ созад ва дубора фиристад. Ин дар ҳолест, ки масъулини шӯъбаи Институти миллӣ-демократии Амрико дар кишвар мегӯянд, дар посухи вазорати адлия аз мавориди муғойирати низомнома бо қонунгузории Тоҷикистон ёд нашудааст.
Ба гуфтаи масъулини ин созмон, дар асноди пешниҳодии онҳо ҷиҳати дарёфти иҷозаи расмӣ бо иштибоҳи мутарҷим ба ҷойи калимаи «шӯъба» калимаи «намояндагӣ» зикр шуда ва яке дигар аз далели вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиҳати бозпас гардонидани ҳуҷҷатҳои шӯъбаи Институти миллӣ-демократӣ таъхир дар мӯҳлати ироаи аснод будааст.
Шӯъбаи Институти миллӣ-демократии Амрико бо ҳадафи таҳким ва рушди равандҳои демократӣ ва мусоидат дар низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2002 ба фаъолият оғоз кардааст. Аммо қабули Қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи созмон, ташкилот ва корхонаҷот дар соли 2003 зарурати сабти такрориро барои ин созмонҳо ба вуҷуд овард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG