Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати демократҳо ба президент Раҳмонов


Ҳизби демократи Тоҷикистон аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хостааст то дар таҳқиқи айбномаи раиси ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бо талаби мақомоти Тоҷикистон дар Маскав ба ҳабс гирифта шудааст, аз усул ва равишҳои одилона кор гирифта шавад. Ҷумъабой Ниёзов муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт муроҷиатномаи мазкур дар пайи баргузории анҷумани ҳаштуми ин ҳизб қабул ва 20 декабр ба дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шудааст. Ниёзов гуфт раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон интизор дорад ки Эмомалӣ Раҳмонов дар ин робита посухи мусбат диҳад.
Дар пайи боздошти Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси Ҳизби Демократи Точикистон ин бори аваал нест ки Раёсати ҳизби мазкур бо пахши изхороту додани муроҷиатномаҳои расмӣ аз сарнавишти Маҳмадрузӣ Искандаров изҳори нигаронӣ менамояд. Ахиран ширкатдорони анҷумани ҳаштуми Ҳизби Демократи Тоҷикистон унвонии Иёлоти Муттаҳида, Русия ва созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиатнома ирсол намуда тақозои мусоидат дар баррасии мунсифонаи қазияи Искандаровро намудаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG