Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонони нави Тоҷикистон муайян шуданд


Нарзуллои Латиф

Мусобиқоти қаҳрамонии гуштии юнонию-римии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Истаравшан ба поён расид. Дар ин мусобиқот, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, наздики 70 гуштигир аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳафт вазн рақобат карданд.
Дастаҳои Хуҷанд ва Душанбе баъди дастаи Истаравшан мувофиқан дар зинаҳои дуввуму севвум қарор гирифтанд. Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор гуштигири истаравшанӣ - Манучеҳр Азимов дар вазни 66 кило, Шӯҳрат Нортоҷев дар вазни 74 кило, Абдувоҳид Назаров дар вазни 84 кило ва Мурод Тӯйчиев дар вазни 120 кило соҳиби медали тиллои мусобиқот гардиданд. Мизбонон - гуштигирони хуҷандӣ Хуршед Аъзамов дар вазни 55 кило ва Ҷамшед Ҳомидов дар вазни 60 кило муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуданд.
Ҳабиб Мӯҳтоҷев, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии юнонию-римии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иллати камбуди маблағ бисёр гуштигирони моҳири кишвар дар сабқати шаҳри Хуҷанд иштирок накарданд ва ширкати ками дастаи мунтахаби мамлакат дар мусобиқоти байналмилалӣ низ ба набуди маблағи зарурӣ марбут аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG