Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш узр хост


Тоҳир Аҳмадов, раиси идораи консулгарии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бо иллати аз сӯи марзбонони фурудгоҳи Душанбе тақаллубӣ унвон шудани шиносномаҳои хориҷиашон аз сафар бозмонда ва хисороти моливу маънавӣ бардоштанд, узр хост ва гуфт, ин ҳодиса бо иштибоҳи техникӣ сар задааст: "Дар иддае аз шиносномаҳо, ки дар Қазоқистон ба чоп расида, ба Душанбе фиристода мешавад, навоқиси техникӣ, на тақаллубӣ чуноне мегӯянд, вуҷуд дорад. Дар саҳифаи аввал ва охири онҳо системаи ҳифозатӣ вуҷуд надорад. Ин ноқисӣ дар фабрикаи Алмаато сар задаст. Мо аз шаҳрвандон барои ин узр мепурсем."
Оқои Аҳмадов ҳамчунин афзуд, онҳо фавран бо масъулони корхонаи мазкур дар тамос шуда ва аз қазияро онҳоро огоҳ кардаанд. Ба гуфтаи раиси идораи консулгарии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, роҳбарони фабрикаи шаҳри Алмаато барои иштибоҳ, ки хисороти молиявиву маънавии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба дунбол доштааст, маъзарат хостанд.
Оқои Аҳмадов ба суоли оё шиносномаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон қабл аз мавриди истифода қарор гирифтан санҷида мешаванд, посух дод: "Мутаассифона, ин кори бисёр душвор аст. Дусад ҳазор шиноснома аст, вале пас аз ҳодисаи фурудгоҳ, мо як дастгоҳро харидорӣ намуда минбаъд ҳар шиносномаро аз ин дастгоҳ мегузаронем."
Ин дар ҳолест, ки боздошти шиносномаҳои хориҷии тақаллубӣ унвоншудаи мусофирон аз сӯи мақомоти марзбонии фурудгоҳи Душанбе идома дорад ва гуфта мешавад, теъдоди чунин мусофирони аз сафар бозмонда ба садҳо нафар мерасад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG