Пайвандҳои дастрасӣ

Мақолаи додситон дар бораи Муҳаммадрузӣ Искандаров


Додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи ин кишварро дар як идда аз ҷиноёт ба мисли фасоди молӣ, ришват, тороҷи маблағ ва амволи давлатӣ гунаҳкор кардааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон бо интишори як мақолаи муфассал зери унвони "Вазъи воқеӣ тамоман дигар аст" дар шумораи ахири "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати кишвар ширкати давлатии "Тоҷикгаз" тайи замони раҳбарии Муҳаммадрузӣ Искандаровро дар нақзи муқаррарот, сирқати маблағу амвол ва муомилоти ғайриқонунӣ дар фурӯши газ муттаҳам донистааст. Аз ҷумла дар ин мақола омадааст, ки собиқ роҳбари ин корхона Муҳаммадрузӣ Искандаров бо зери по гузоштани муқаррароти мавҷуд ва бар хилофи манофеи корхона аз муомилоти мукаррари шубҳанок кор гирифта заминаро барои талаву тороҷи амвол ва маблағи идораи давлатӣ фароҳам сохтааст.

Дар ҷои дигари ин мақола омадааст, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров ба хотири ба амал баровардани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ, ки бевосита ба дуздии моликияти давлатӣ равона шуда буданд, ба вазифаҳои масъули сохторҳои "Тоҷикгаз" танҳо нафарони ба роҳбарият содиқро таъйин кардааст.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки вай дар робита ба мақолаи нашркардааш чизе илова карданӣ нест, вале ҳамзамон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир рад кард: "Аз он газет пурратар дар куҷо нависам, ман хостам ҳақиқати ҳолро мардум журналистҳо ҳама фаҳмад, ҳақиқати ҳолро. То кая вай тӯҳмату бӯҳтон карда, мегардад." Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Муҳаммадрузӣ Искандаров иддаоҳои додситони куллро рад кард ва гуфт, нашри ин мақола заминаҳои сиёсӣ дорад.
Гузориши муфассал ин ҷост
XS
SM
MD
LG