Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи одамфурӯшон - пушти панҷара


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи ҷумъаи 24 сентябр муҳокимаи парвандаи ҷиноии чаҳор занеро, ки дар қочоқи духтарон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб муттаҳам мешуданд, ба поён расонида, ду тани онҳоро ба зиндон маҳкум кард. Шаҳодат Бойматова ва Саодат Мамадҷонова, сокинони шаҳри Хуҷанд бо ҳукми додгоҳ барои ҷалби занон ба фоҳишагарӣ ва истисмори ҷинсӣ ва аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани онҳо ба мӯҳлати беш аз ду соли зиндон маҳкум шуданд. Аммо додгоҳ ду тани дигар Назокат Саттороваи 67-сола ва Матлуба Мирзоеваи 44-соларо, ки ба додани вом ба қочоқбарони занон ва гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ ба занони фирефташуда муҷрим шинохта шуда буданд, бо дар назардошти вазъи бади иҷтимоии онҳо, шартан озод намуд. Барои ин ду тан аз 1,5 то 5 соли зиндон муқаррар шудааст.

Чаҳор зане, ки аз сӯи додгоҳи Хуҷанд ба ҳабс маҳкум шудаанд, ба ҷуз Назокат Сатторова, ба гуфтаи худи онҳо ҳамагӣ бешавҳар, бекор, дорои фарзандони хурд ва волидайни пиру бемор мебошанд. Ҷавонзанони маҳкумшуда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ худро на танҳо ба ҳайси айбдоршаванда, балки ҷабрдида низ эълон доштанд. Онҳо гуфтанд, вазъи вазини иҷтимоӣ ва набудани ҷойи кору музди кофӣ ва дастнигарони зиёду бемор онҳоро водор ба қочоқи занон ба Иморати Муттаҳидаи Араб кардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG