Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотимаи таҳқиқи марзҳои Тоҷикистон


Як ҳайъат иборат аз намояндагони Созмони Милал Созмони Ҳамкориҳои Авруосиё, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ва вазорати дифои Тоҷикистон таҳқиқи марзҳои ин кишвар бо Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистонро анҷом додааст.
Абдусаттор Гулмаҳмадов, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, ҳайъати мазкур тайи 15 рӯз шароити нигаҳбонии хати марз ва масоили марбут ба ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистонро мустақим дидан кард: "Намояндагон дар ҳайати зикршуда тӯли ним моҳ тақрибан 5 ҳазор километр хати сарҳадӣ дар саросари кишварро тай намуд. Ҳадафи аслии ин комиссия бо кадом роҳу василае набошад, пурӯур намудани мубориза алайҳи маводи мухаддир, мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар тамоми самтҳои марзии кишвар буд."
Оқои Гулмаҳмадов ҳамчунин афзуд, ин ҳайъат пас аз анҷоми боздиди марзҳои Тоҷикистон зимни як мулоқот дар вазорати дифоъ мушкилоти нигаҳбонии хати марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ӯ гуфт, Абдураҳмон Азимов, раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон аз вазъи феълии сарҳадоти кишвар гузориши муфассал пешниҳод кард. Ба гуфтаи сухангуи кумитаи марзбонӣ, ҷонибҳо мушкилоти марзбонӣ дар Тоҷикистонро ба иллати норасоии техникӣ, таъминоти барқ, оби ошомиданӣ ва тахассусӣ марбут донистанд. Дар ҳамин ҳол оқои Гулмаҳмадов гуфт, яке аз мушкилоти умдаи марзбонии нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ин мубориза ва кашфи қочоқи маводи мухаддир аст, ки аз Афғонистон ба ин кишвар интиқол мешавад. Ӯ гуфт, ин масъала ба думболи дигар мушкилоти марз мавриди таваҷҷӯҳи ҳайъати зикршуда қарор гирифт.
Ин дар ҳолест, ки аз сӯи кормандони мақомоти марзбонии Тоҷикистон шоми гузашта як махфигоҳи маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Абдусаттор Гулмаҳмадов, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти марзбонӣ ва Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир навонистаанд, дақиқ созанд, ки ин махфигоҳ ба кадом гурӯҳе иртибот дорад: "Марзбонон дар ҳамкорӣ бо кормандони Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Кулоб як махфигоҳро кашф ва аз ин махфигоҳ ҳудуди 13 кило маводи сахттаъсири мухаддир мусодира карданд."
Окои Гулмаҳмадов гуфт, сарҳадбонон рӯзе қабл махфигоҳи силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлонро кашф ва аз ин махфигоҳ бо шумори як пулемёти дастии Калашников, 15 тирдони автомат, 5 норинҷак, ва тирҳои гуногун мусодира кардаанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG