Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чархболи Ғаффор Мирзоевро бозпас гирифт


Мақомоти тафтишотӣ генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистонро дар қатл ва сӯиқасд ба ҷони як идда аз афроди мансабдори кишвар муттаҳам кардааст.
Манучеҳр Нуров - роҳбари гурӯҳи бозрасии парвандаи Ғаффор Мирзоев рӯзи сешанбе дар ин бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Бо фармоиши Мирзоев ин ҷиноятҳо содир шудааст - куштори раиси собиқи ноҳияи Шаҳринав, Ҳайдар Қаландар, собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия Абдулло Мирзоев, баъд сӯиқасд ба Чолов Сулаймон. Ин он лаҳзаҳоеанд, ки мавриди тафтиш қарор доранд ва аллакай далоили кофӣ низ ҳастанд дар дасти тафтишот."
Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, моҳи феврали соли 2000-ум дар яке аз хиёбонҳои Душанбе баъди бархӯрди машинаи яке аз муҳофизони Ғаффор Мирзоев бо мошини Сулаймони Чол, яке аз бародарони Қурбон Чолов - собиқ қумандони Фронти Халқии Тоҷикистон, ки роҳбарияти терминали фурудгоҳи Душанберо ба ӯҳда дошт, муноқиша сурат мегирад. Бо фармоиши Ғаффор Мирзоев, манзили Сулаймони Чол мавриди оташи гранатомёт қарор мегирад, вале дар ин сӯиқасд Сулаймони Чол осебе намебинад.
Тибқи маълумоти додситонӣ, куштори Абдулло Мирзоев сардори собиқи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шаҳринав дар соли 1998 - ро худи Ғаффор Мирзоев анҷом дода, вале куштори раиси ин ноҳия Ҳайдар Қаландаровро тавассути ҳаммаслаконаш амалӣ кардааст.
Аммо Қаюм Юсуфов - вакили мудофеи генерал Ғаффор Мирзоев гуфт, шахси зери ҳимояташ ин иттиҳомотро рад кардааст. Вай гуфт, дар ҳеҷ яке аз пурсишҳои муфаттишон дар ҳузури вакилони мудофиа масъалаи куштори раиси ноҳияи Шаҳринав дар миён набудааст: "Лекин оид ба куштори Ҳайдар Қаландар ягон гапу ҳарф нест. Дар ҳолате, ки зерҳимояи мо ба ин ҷиноят муттаҳам карда шавад, ҳимоя низ далелҳои раднашавандае дорем, ки бегуноҳ будани зерҳимояи моро дар ин ҳодиса собит мекунад. Ӯ ба қатли раиси собиқи ноҳияи Шаҳринав умуман дахолат надорад."
Ба гуфтаи Қаюм Юсуфов, генерал Мирзоев бархе аз иттиҳомоти эълонкардаи мақомоти тафтишотӣ, аз ҷумла сӯиистифода аз мансаби давлатӣ ва нигаҳдории силоҳҳои ғайриқонуниро эътироф кардааст. Вакили мудофеъ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муфаттишон 32 нафари ҳамроҳ бо Ғаффор Мирзоев боздоштшударо бо роҳҳои ғайримаъмулӣ мавриди пурсиш қарор дода ва аз онҳо нишондодҳои барои худ мувофиқро ба даст меоваранд.
Ва аммо шоми рӯзи 23-уми август аз тариқи телевизиони давлатӣ навори бозпас гардонидани чархболи Ми-8 - и мутааллиқи Ғаффор Мирзоев аз Афғонистон ба Тоҷикистон пахш гардид.
Тибқи иттиллоъи манобеи додситонӣ, чархболи мазкур тайи як соли ахир дар Афғонистон бо асноди тақаллубӣ мавриди баҳрабардории як ширкати амрикоии мавсум ба "Трюко Инкорпорейтед" қарор дошта ва маблағи иҷораи он ҳудуди 660 ҳазор доллари амрикоиро Ғаффор Мирзоев дарёфт кардааст.
Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, ин чархбол ҳеҷ иртиботе ба ҳукумати кишвараш надорад, вале ба хотири ҳусни ҳамҷаворӣ ва кӯмак ба мақомоти бозрасии Тоҷикистон давлати Афғонистон дар бозпас гардонидани бо ҳамроҳии ҳамаи сарнишинонаш мусоидат кардааст.
Аммо Қаюм Юсуфов - вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев гуфт, бо шахси зери ҳимояташ дар мавриди сарнавишти чархболи МИ-8 сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи вай, қазияи чархболи мазкур аз пурмоҷаротарин ҷузъиёт дар парвандаи Мирзоев буда, сару садоҳои зиёдеро ба думбол хоҳад дошт. Нашрияи мустақили "Одаму Олам" пас аз боздошти Ғаффор Мирзоев номаи ӯ ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистонро нашр карда буд, ки дар он Ғаффор Мирзоев гуфтааст, ки раиси ҷумҳур низ аз қазияи ин чархбол бохабар буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG