Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйдиҳандагони маҳрум аз ҳаққи раъйи Мурғоб


Ҳадди аққал ду ҳазор нафар раъйдиҳандагони ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз доираи ширкат дар интихоботи парлумонии ин кишвар берун мемонанд. Чунин вазъият пас аз ба ихтиёри ҷумҳурии Қирғизистон гузаштани заминҳои иҷораи водии Олой ва бозхонди мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Мурғоб аз ин ҷо ба амал омадааст. Дар шаҳракаи Сарикмагули Олой сеюним ҳазор нафар, умдатан қирғизҳои ноҳияи Мурғоб ба сар мебаранд, ки наздики ду ҳазор нафари онҳо интихобкунанда ҳастанд.
Намояндаи ваколатдори вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар Бектур Адинов иброз дошт, дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии ҷумҳурии Қирғизистон, ки тибқи фармони президенти ин кишвар моҳи октябр баргузор мешавад, сокинони Сарикмагул низ ширкат хоҳанд дошт. Ба гуфтаи Бектур Адинов, то имрӯз панҷсад нафар сокинони Сарикмагул, соҳиби мақоми шаҳрванди Қирғизистон шуда, барои табдили мансубияти шаҳрвандиашон арз кардаанд.
Вай афзуд: "Ҳамаи онҳое, ки то рӯзи интихобот бо гирифтани шиноснома мақоми шаҳрванди Қирғизистонро доро мешаванд, дар интихоботи тамоми зинаҳо ширкат мекунанд. Аммо он сокиноне, ки шаҳрванди Тоҷикистон мемонанд, аз доираи ширкат дар интихоботи Қирғизистон берун монда, ҷиҳати он ки ҷойи зисти муқимиашон Қирғизистон аст, дар раъйдиҳӣ дар тарафи Тоҷикистон низ наметавонанд, ширкат дошта бошанд."
Сокинони Сарикмагули водии Олой 25 дар сади аҳолии ноҳияи Мурғобро ташкил дода, ва ҳамеша як намоянда ба Маҷлиси намояндагони Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ аз ин ҳавзаи интихоботӣ баргузида мешуд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз шаҳри Ӯши Қирғизистон
XS
SM
MD
LG