Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани мадрасаи исломӣ дар вилояти Суғд


Мадрасаи ҷамоати Ғӯлакандоз, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба далели боздошти ду толибилми ин мадраса бо иттиҳоми фаъолият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" аз ҷониби мақомоти маҳал баста шудааст. Боздошти донишомӯзони мадрасаи исломӣ: Ҷаҳонгир Каримов ва Шерзод Нурматов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов чанде қабл аз сӯи кормандони амниятии вилояти Суғд сурат гирифта буд.
Як сокини ин маҳал, Равшан Қосимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи баста шудани мадрасаи исломии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ки бинои онро як хоҷагии деҳқонии маҳал 5 сол қабл бунёд намуда буд. Ва баъди боздошти 2 толибилм ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" хоҷагӣ бинои мадрасаро бозпас гирифтааст: «Роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ гуфтанд, ки мадрасаи исломии Ғӯлакандоз ба як ҷойи тарғиби ҳизби таҳрир мубаддал шудааст, ҷавонҳоро вайрон мекунад. Барои ҳамин ин хел мадраса ба мо даркор нест, гуфтанд.»
Коршиносони маҳал бар ин назаранд, ки мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов мадрасаи исломиро бо супориши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд бастааст. Вале Набиҷон Раҳимов - муовини сарвари шӯъбаи мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил дар додситонии Суғд ахиран зимни як нишасти хабарӣ ин иддаъоро рад кард.
Ӯ гуфт: «Дуруст аст, ки 2 шогирди ин мадраса бо гуноҳи фаъолият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Аммо мадрасаи Ғӯлакандоз баста нашудааст."
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, мадрасаи исломии ин маҳал ҳанӯз дари худро боз накардааст. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, бархе аз толибилмони собиқи мадраса барои хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон даъват шудаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG