Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик дар Перм


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми анҷоми чандин амали террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Перми Русия боздошт шуд. Дар ин бора Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия хабар дод. Нургалиев афзуд: "Боздоштшуда тайи чор сол таъқиб мешуд ва бино ба итиллоъи мо, дар анҷоми якчанд амали террористӣ, тахрибкорӣ, дар маҷмӯъ дар анҷоми 17 ҷинояти ниҳоят вазнин дар хоки Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Мо маълумоте дар ихтиёр дорем, ки боздоштшуда дар куштори низомиён низ шарик аст." Рашид Нургалиев ба манофеъи бозрасӣ аз эъломи ҷузъиёти амалиёти боздошт ва зикри номи боздоштшуда худдорӣ кард, вале ташреҳ намуд, ки амалиёти боздошт дар ҳамкории танготанг бо мақомоти амниятии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Аммо муовини сафири Тоҷикистон дар Маскав Зоиршо Саидов дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ширкат дар амалҳои террористӣ ибрози бехабарӣ кард. Бино ба манбаъҳои вазорати умури дохилаи Русия солҳои ахир беш аз 220 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва 12 нафар шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ширкат дар амалҳои террористӣ боздошт ва ба мақомоти марбута таслим дода шудаанд. Хабари боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Пермро Рашид Нургалиев дар поёни ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилаи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар Кишинёв, пойтахти Молдова эълом кард. Вай ҳамзамон хабар дод, дар Приморйе, воқеъ дар Шарқи дури Русия як гурӯҳи қочоқбари одам кашф ва аз қочоқи беш аз 70 хонум ба кишварҳои хориҷӣ ҷилагирӣ шуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG