Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои хоксоронаи низомии Тоҷикистону Бритониё


Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Майкл Ҷексон - фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё рӯзи чаҳоршанбе дидор ва мулоқот кард. Зимни ин мулоқот масоили ҳамкории ҳарду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва таъмини амнияти минтақа баррасӣ шудааст.
Майкл Ҷексон - фармондеҳи ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё баъд аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир миёни Бритониё ва Тоҷикистон барномаҳои ҳамкории низомӣ рӯи даст буда ва дар марҳалаи иҷроиш қарор доранд.
Оқои Ҷексон мегӯяд: "Дар ҳоли ҳозир мо танҳо дар заминаи омӯзиш додани низомиёни тоҷик ва хусусан таълими забони англисӣ ба онҳо ҳамкорӣ дорем."
Фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё афзуд, ки ҳукуматаш аз саҳми Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм дар Афғонистон, бозсозӣ ва таъмини субот дар ин кишвар тақдир кардааст. Вай афзуд, ки Бритониё қасд дорад, дар ояндаи наздик равобити низомиаш бо Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби барномаи НАТО "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" тақвият бидиҳад.
Дар навбати худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба мавкеи ҷуғрофии кишвараш, ки дар хати аввали ҷабҳаи муқовимат бо афзоиши қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм қарор дорад, хостори густариши муносибот дар соҳоти мухталиф ва ба вижа дар бахши низомӣ бо Бритониё шудааст. Майкл Ҷексон - фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё шоми чаҳоршанбе, 26 май Душанберо ба қасди Кобул тарк кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG