Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркубии як гуруҳи шартии террористӣ дар ағбаи Фахробод


Размоиши муштараки якрузаи неруҳои ҳавоии вазорати дифоъи Тоҷикистон ва як гурдони куҳгарди артиши Фаронса рузи 12 май дар маркази таълимиву низомии Фахробод, 45-километрии ҷануби шаҳри Душанбе дар ҳузури мақомоти марбутаи расмии ду кишвар ва хабарнигорону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷараёни ин размоиш низомиёни тоҷику фаронсавӣ дар ҳамоҳангии муштарак як амалиёти рамзиро ҷиҳати раҳоии ҳайъати сарнишинони як ҳавопаймои неруҳои ҳавоии Фаронса, ки шартан дар минтақаи таҳти нуфузи гуруҳҳои террористӣ суқут кардааст, анҷом додаанд.
Тавре мо мушоҳида мекардем, барои ҷилавгирӣ аз тасарруфи ҳайъати сарнишинони ҳавопаймои фаронсавӣ ва аз байн бурдани дастаи шартии террористон гуруҳи десантии 10-нафара бо пуштибонии оташи низомиёни тоҷику фаронсавӣ аз ҳаво партоб гардид ва низомиёни фаронсавиву тоҷик зимни пешбурди амалиёти якҷоя тарҳи муайянгаштаро барои аз байн бурдани гуруҳи террористӣ иҷро намуданд.
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон бо ибрози ризоият аз наҳваи иҷрои размоиш гуфт, бо таваҷҷуҳ ба авзоъи байналмилалӣ неруҳои низомии артиши Тоҷикистон бояд дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дошта бошанд. У афзуд: "Пушида нест, ки дар танҳоӣ бар зидди терроризм мубориза бурдан имконнопазир аст. Ба ҳамин хотир, аз баргузории чунин размоишҳо мо аз ҳамтоёни фаронсавии худ маҳорату малакаи зарурии ҷангиро барои муқобила бо терроризм меомузем, зеро худое накарда, дар ҳолати пеш омадани зарурат мо бояд омодагии ҳаматарафаи низомӣ ҷиҳати муқобила бо терроризм дошта бошем."
Генерал Бруно Элли, мушовири вазири дифоъи Фаронса зимни таъкид ба баргузории размоишҳои бештари муштарак миёни низомиёни тоҷику фаронсавӣ гуфт, гузаронидани чунин размоишҳо имкон медиҳад омодагиҳои ҷангиву низомӣ артишҳои ҳар ду кишвар дар сатҳи баланд қарор гиранд: "Ҳамкорихои низомии Фаронсаву Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои террористии бар зидди Амрико дар соли 2001 шуруъ ёфтаанд."
Дар чаҳорчуби барномаи байналмилалии мубориза бо террроризм дар ҳоли ҳозир як гуруҳи 120-нафарии сарбозони фаронсавӣ дар Тоҷикистон қарор доранд. Бар асоси иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, то кунун дар доираи барномаи ҳамкориҳои низомии муштарак 25 нафар сарбозони тоҷик дар марказҳои низомии Фаронса давраҳои бозомузиро пушти сар намудаанд.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG