Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуруъи анҷумани ҳамкории минтақа бо Афғонистон


Рузи душанбе дар пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек як конфаронси серузаи байналмилалӣ таҳти номи "Ҳамкориҳои минтақавӣ бо Афғонистон: Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон" ба кори худ оғоз кард. Ин анҷуман бо кушиши муштараки давлати Қирғизистон ва барномаи рушди Созмони Милал сурат мегирад. Намояндаи Барномаи рушди СМ дар Қирғизистон Ҷерси Скуратович гуфт, ҳадафи аслии ин ҳамоиш пайдо кардани роҳу имконоти густариши равобити дуҷонибаву чандҷониба байни кишварҳои ин минтақа аст. Оқои Скуратович гуфт, чунин равобит ба фоидаи танҳо Афғонистон нест.
Дар нишасти Бишкек ҳайъатҳо аз 8 кишвари Афғонистону Эрону Покистон, Тоҷикистону Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистону Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ - ЭКО ширкат доранд. Эъмори баъдиҷангии Афғонистон, дурнамои мушориктаи кишварҳои минтақа дар кори бозсозии сиёсиву иқтисодии он кишвар аз муҳимтарин мавзуъҳои дастури кори анҷумани Бишкек номида мешавад.
Вазири дороии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар ин нишаст ҳамкориҳои ҳасанаи минтақавиро як омили муҳими рушди кишварҳои ин минтақа номидааст.
Бархе аз иштирокдорони анҷуман мегуянд, масъалаи амният ҳамчунон як мушкили умда барои минтақа боқӣ монда, имкони соддатар шудани низоми равуо ва тиҷорат дар ин паҳноро заъиф мекунад. Ба ғайр аз ҳайъатҳои расмӣ дар кори анҷумани Бишкек ҳудуди 200 намоянда аз маҳфилҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа низ ширкат дорад. Ин анҷуман то рузи 12 май идома хоҳад кард.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG