Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон мамнӯъ мешавад


Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи Қонун дар бораи татбиқ накардани ҷазои қатлро ба Маҷлиси Намояндагони кишвар пешниҳод кардааст. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангуи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин иқдом гуфт: "Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи мазкур аз он иборат аст, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ва ҳаёт мавқеи махсус дорад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба муҳофизат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба меъёрҳои башардӯстона мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст."
Мамнӯъ эълон кардани иҷрои ҳукми эъдомро раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон дар ҳафтаи гузашта иброз карда буд. Аммо то кунун қонунгузории Тоҷикистон танҳо дар панҷ маврид ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла барои одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва наслкушӣ, ё генотсид ва тероризм, дар қонуни Тоҷикистон ҳукми қатл муайян шудааст.
Тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз соли 1961 ҳукми қатл дар 44 маврид пешбинӣ мешуд, ки бар асари ислоҳоти Кодекси ҷиноӣ дар соли 1998 то 15 маврид коҳиш ёфт. Ва дар соли гузашта бо пешниҳоди раиси ҷумҳур бори дигар дар ин замина ислоҳот сурат гирифт, ки иҷрои ҳукми эъдом дар нисбати занонро манъ ва дар маҷмӯъ моддаҳои пешбиникунандаи ҳукми қатлро то 5 маврид коҳиш дод. Интизор намеравад, ки парлумони Тоҷикистон бо тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳур дар мавриди лағви муҷозоти марг мухолифат биварзад.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG