Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон


Питер Венглӣ, масъули тозатаъиншудаи Сандуқи Байналмилалии Пул оид ба Тоҷикистон дар раъси як ҳаъйат барои аввалин бор ба Душанбе омад. Ҳадафи аслии сафари ӯ, ошноӣ бо сатҳи муносиботи дуҷониба ва назорат бар иҷрои барномаҳое мебошад, ки Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Раванди иҷрои барномаи се солаи фақрзудоӣ дар ин кишвар, ки бо мусоидати созмони мазкур амалӣ мешавад, аз мавзуоти аслии сафари ҳайъати ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон аст. Раҳматшо Додихудоев, сухангуи Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Мақсади асосии ин ҳайъат муҳокима ва азназаргузаронии барномаи сесола оид ба сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушдӣ иқтисодӣ мебошад. Дар байни дигар масъалаҳо ҳайъат мутобиқати меъёрҳои иҷро шудани нишондиҳандаҳои сохториро дар охири моҳи марти соли 2004, аз ҷумла омодагӣ ба стратегияи ислоҳоти бахши маориф, ба анҷом расонидани аудити Кумитаи давлатии оид ба назорати молиявӣ мавриди арзёбӣ қарор медиҳад."
Ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул то кунун бо муовинони сарвазир, вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқотҳо доир намудааст. Дар ҷараёни ин гуфтугуҳо, ба гуфтаи сухангуи Бонки Миллӣ, масъалаи татбиқи сиёсати пулӣ, иҷрои барномаи сиёсати иқтисодӣ, дурнамои иқтисодӣ барои ду семоҳаи ояндаи соли равон ва инчунин раванди ислоҳоти низоми бонкии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, яке дигар мавзуҳои мавриди гуфтугу ислоҳоти замин ва аз ҷумла додани муҷавиз барои истифодаи замин будааст. Ҳаъйати Сандуқи Байналмилалии пулро инчунин масъули пешини ин ниҳоди молӣ дар умури Тоҷикистон Роберт Кристиансен низ ҳамроҳӣ мекунад. Боздиди ҳайъати мазкур аз Тоҷикистон то рузи 11 май идома хоҳад дошт.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG