Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммадсаид Убайдуллоев: "Муҳоҷирати корӣ дардноктарин мушкили мост"


Русия аз идеяи ташкили Эътилофи байналмилалии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз суйи Тоҷикистон пешниҳод шудааст, пуштибонӣ мекунад. Ин матлабро Сергей Миронов, раиси Шурои Федератсияи Русия, пас аз дидор ва гуфтугу бо Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон 19 апрел дар Маскав иброз кард. Вай гуфт, Русия идеяи Тоҷикистонро дар бораи ташкили Эътилофи байналмилалии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пурра дастгирӣ менамояд ва барои пиёдасозии он аз ҳеҷ талоше фуругузор намекунад. Сергей Миронов афзуд: "Ба фикри ман, дар радифи ҷабҳаи умумиҷаҳониии зиддитерористӣ ташкили эътилофи мубориза бо наркобизнес ва наркотрафик заррур аст."
Раиси парлумони Тоҷикистон Убайдуллоев ёдовар шуд, ки идеяи ташкили эътилофи мубориза бо маводи мухаддир аз суи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соли 2003 пешниҳод шуда буд. Вай афзуд, дар густураи кишварҳои муштракулмонофеъ 60 дар сади маводи мухаддир дар Тоҷикистон забт мешавад ва Тоҷикистон дар ин самт дар ҷаҳон дар мақоми сеюм ё чорум қарор дорад, вале дар танҳоӣ тавонии ҳалли ин мушкилро надорад.
Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷавоб ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ояндаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷирати корӣ байни ду кишвар гуфт: "Ин дардноктарин мушкил барои Тоҷикистон аст."
Раиси парлумони Тоҷикистон тайи суханони худ хостори тасвиби санадҳои фарогири танзими маҷрои нируи корӣ дар густураи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ шуд. Ба гуфтаи Убайдуллоев, 7 дар сади сокинони Тоҷикистон ночор ба суроғи кор дар берун аз марзҳои кишвар ҳастанд.
Убайдуллоев ба хабарнигорон ҳамчунин итиллоъ дод, дар дидор бо вазири умри хориҷаи Русия Сергей Лавров рузи 20 апрел мавзуъи ҷони тоза бахшидани созишномаҳои ҳамкории Русияву Тоҷикистон мавриди гуфтугу қарор хоҳад гирифт.Вай тавзеҳ кард, Тоҷикистон бо Русия беш аз 150 санади ҳамкорӣ дар сатҳи федералӣ ва 70 санад дар сатҳи минтақаӣ ба имзо расонидааст, вале аксари онҳо корбурд надоранд. Вай афзуд, ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомию фаннии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Убайдуллоев ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе бо Юрий Лужков мири шаҳри Маскав дидор ва гуфтугу анҷом дод.
Боздиди чоррузаи расмии ҳайъати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси парлумон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз Маскав якшанбеи ахир шуруъ гардид ва то рузи панҷшанбе идома меёбад.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG