Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимов аз шароити боздоштгоҳ шикоят дорад


Саидкомил Қурбонов - вакили мудофеи Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон, 29 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ёқуб Салимов аз бемории дил ранҷ мебарад ва бинобар набуди хизмати тиббй дар боздоштгоҳ хоҳиш намудааст, ки уро ба боздоштгоҳи дигар интиқол диҳанд.
Аз оқои Қурбонов пурсидам, ки оё Ёқуб Салимов ҳангоми пурсиш мавриди латукуб қарор мегирад, гуфт, то кунун дар ин робита кадом далеле вуҷуд надорад ва ҷароҳатҳое, ки Ёқуб Салимов ишора мекунад, аз солҳои 90 аст.
Саидкомил Қурбонов мегуяд, тафтишоти парвандаи Ёқуб Салимов идома дорад, вале айбҳое, ки додситонӣ ахиран нисбати у эълон дошт, ба монанди хиёнат ба ватан ва даст доштан дар табаддулоти давлатӣ, оқои Салимов ҳануз ба гардан нагирифтааст.
Аммо додситонии кулли Тоҷикистон бинобар халал науфтодан дар ҷараёни тафтишоти парвандаи Ёқуб Салимов аз гуфтани ҷузъиёти айбномаи вай худдорӣ мекунад. Вакили мудофеъ Саидкомил Қурбонов меафзояд, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳе, ки Ёқуб Салимов ба сар мебарад, хизматрасонии тиббӣ ба таври фаъол ҷой надорад ва пизишки навбатдоре, ки ҳангоми шаб аз ҳоли маҳбус хабар гирад, низ нест.
Ёқуб Салимов бо арзи шикоят ба мудофеи худ гуфтааст, ки агар бемори дили у хуруҷ кунад, дар ин боздоштгоҳ ҳоли у бад хоҳад шуд.
Бар асоси қонунхои Тоҷикистон, Ёқуб Салимов ҳуқуқ дорад, дар зарфи як моҳ бо яке аз наздиконаш мулоқот кунад, аммо то ҳол ҳеҷ касе аз хешовандонаш ба назди у наёмадааст. Аммо дар додситонии кулл гуфтанд, ки номи яке аз дустони Ёқуб Салимов мушаххас шудааст ва дар наздиктарин руз бояд аз у хабар гирад.
XS
SM
MD
LG