Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзӯи Либия дар меҳвари нишасти Лигаи кишварҳои араб


Имрӯз Лигаи кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира ташкили ҷаласа карда ҳамроҳ бо дигар раҳбарони ҷаҳон роҳҳалҳои хатми бӯҳрони Либияро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар садри нишаст дабирони кулли СММ Бан Кӣ Мун ва Лигаи кишварҳои араб Амр Мӯсо қарор доранд. Ҳамчунин дар ин нишаст Кетрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Икмолиддин Эҳсоноғлу, раҳбари Созмони конфронси исломӣ ва раиси Комиссиюни иттиҳоди Африқо Жан Пин ширкат хоҳанд кард.

Сухангӯи Пин гуфт, ки дар ин нишаст “механизми байналмилалии иҷрои оташбас” баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG