Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Миср эътирозгаронро саркӯб карданианд


Дар Миср гурӯҳи низомиёни воломақом изҳор намуданд, ки барои қатъи намоишҳои эътирозӣ дар кишвар бояд аз нерӯ истифода кард.

Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки ҳазорон тазоҳургарон дар майдони Таҳрири Қоҳира аз симу техникаи низомии харобшуда сангар сохтанд.

Рӯзи шанбе дар ин майдон миёни низомиён ва тазоҳургарон бархурд ба вуқӯъ пайваст, ки дар он дасти кам як нафаркушта ва беш аз 70 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Эътирозгарон ибтидо ба додгоҳ кашидани раисиҷумҳури собиқ Ҳуснӣ Муборак ва атрофиёни ӯро талаб мекарданд ва аммо ҳоло тақозо доранд, ки Шӯрои олии низомӣ пароканда карда шавад.

Шӯрои олии низомӣ баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак раҳбарии Мисрро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG