Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ ҳамла ба Мисротаро аз сар гирифтанд


Нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ дар Мисрата дар рӯзи 28 март
Нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ дар Мисрата дар рӯзи 28 март
Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ имрӯз дигарбора бо танку тӯпхона ба шаҳри Мисрота ҳамла карданд, ки таҳти назорати шӯришиён қарор дорад. Мисрота саввумин шаҳри бузург дар ғарби Либия ва такягоҳи охирини шӯришиён дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор дорад. Дар шарқи Либия шӯришиён пешравӣ карда ва дигарбора гуфтанд, ки нерӯҳои НАТО ба қадри кофӣ ба онҳо кӯмак намекунанд. Айни ҳол Либия мегӯяд, ҳавопаймоҳои Бритониё ба хати лӯлаи интиқоли нафти Сарир дар наздикии баҳри Миёназамин ҳамла карда ва ба он осеб расонидаанд. Дигар ин ки Муаммар Қаззофӣ бо исроли номае ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз ӯ хостааст, ба қавли Қаззофӣ, “ба ҷанги ноодилона” алайҳи кишвари ӯ хотима диҳад. Вале айни замон Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз Қаззофӣ хост, истеъфо диҳад: “Ба андешаи ман, ҷаноби Қаззофӣ медонад, ки бояд биравад. Бояд ҳамлаҳо мутаввақиф шавад, нерӯҳои ӯ аз шаҳрҳое, ки бо зӯру хушунати зиёд ва баҳои ҷони инсонҳо гирифтаанд, берун шаванд. Бояд барои канорагирии ӯ аз қудрат ва хуруҷаш аз Либия тасмим гирифта шавад.“
XS
SM
MD
LG