Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Португалия ба кӯмаки молии хориҷӣ мӯҳтоҷ шудааст


Нахуствазири Португалия зимни муроҷиаташ ба мардум
Нахуствазири Португалия зимни муроҷиаташ ба мардум
Бо гузашти чандин моҳ, Португалияи гирифтори мушкилоти молӣ дар ниҳоят қарор кардааст, ки аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ бихоҳад. Португалия, ки хонаи даҳуним миллион нафар аст, баъди Юнон ва Ирландия, саввумин кишвари ҳавзаи пули воҳиди евро аст, ки барои наҷоти молиаш кӯмак мехоҳад. Хосе Сократ, нахуствазири Португалия, гуфт, баъди он ки порлумон тарҳи коҳиши хароҷоти буҷаро рад кард, дигар тақозои кӯмаки молӣ “ногузир” шуд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, зоҳиран Португалия ба ҳудуди 60 то 80 миллиард евро аз Бунёди Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG