Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ боқимондаи ҷасадҳои ҷангиро ба Эрон супурд


Дирӯз Ироқ боқимондаи ҷасадҳои 17 сарбози эрониро, ки дар ҷараёни ҷанги солҳои 1980-1988-и миёни ду кишвар кушта шуда буданд, ба Эрон супурд. Кумитаи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ бар ҷараёни супурдани боқимондаи ҷасадҳо дар марзи миёни Ироқу Эрон дар наздикии шаҳри Басра назорат мекард. Баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн Эрону Ироқ муносиботи тиҷоративу сиёсии худро барқарор карданд. Дар ин ҷанг ҳудуди 1-миллион нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд. Соли 2008 ҳар ду кишвар мувофиқатномае имзо карданд, ки тибқи он бояд даҳҳо ҳазор нафар афроди бедаракшуда дар ин ҷанг ҷустуҷӯ шаванд.
XS
SM
MD
LG