Пайвандҳои дастрасӣ

Бобохонов дар зиндони Хуҷанд аз сил даргузашт


Яке аз муттаҳамон дар парвандаи пурсарусадои Исфара рӯзи шанбе дар зиндони Хуҷанд бар асари маризии сил даргузашт. Ба навиштаи “Азия Плюс”, Ваҳҳоб Бобохонови 47-сола бо ҷароими хунукназарӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва берун рафтан аз ҳадди ваколат ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъдан ба далели бемории силаш сеяки мӯҳлати ҳукми ӯро кам карданд. Як солу 9 моҳи баъди судури ҳукмашро Бобохонов дар маҳбаси Хуҷанд адо кард. Дар соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 тан аз сокинони Исфараро бо ҷурми ҳамдастӣ бо Низомхон Ҷӯраев, раҳбари собиқи корхонаи кимиёии Исфара, ба мӯҳлатҳои аз 8 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Худи Ҷӯраев соли гузашта дар Маскав дастгир шуда, парвандаи истирдодаш ба Душанбе ҳанӯз дар дасти баррасист.
XS
SM
MD
LG