Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мубориза бо терроризм баррасӣ мешавад


Тибқи хабари “Ховар”, 29, 30-юми март дар шаҳри Душанбе коршиносон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон тарҳеро зери номи “Таҳаққуқи стратегияи зидди террористии СММ дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ мекунанд. Мавзӯи аслии баррасӣ дар ин мулоқот роҳҳои ҷилавгирӣ аз сармоягузории терроризм ва имкони истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет барои аъмоли террористӣ баррасӣ мешавад. Ин ҳамоишро маркази минтақаии СММ созмон додааст. Барои ширкат дар мулоқот созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG