Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 50 афсари пулиси афғонро рабудаанд


Толибон дар Афғонистон 50 афсари пулисро рабудаанд. Ин афсарон баъди гирифтани маоши худ аз вилояти Нуристон ба вилояти шимолушарқии Кунар бармегаштаанд ва дар наздикии ноҳияи Чападара ба дасти Толибон асир афтодаанд. Ин гурӯҳ давраҳои омӯзиширо анҷом дода ва қарор буд ба сафи нерӯҳои пулиси Афғонистон бипайванданд. Толибон ҷанг алайҳи ҳукумат ва нерӯҳои ғарбиро дар Афғонистон тақвият додаанд ва дар остонаи интиқоли масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои маҳаллии Афғонистон.
XS
SM
MD
LG