Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нерӯи барқ дар Душанбе ҳам маҳдуд шуд


Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқро маҳдуд кардаанд. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, то замони беҳтар шудани вазъ дар нерӯгоҳи барқи обии Норак, нерӯи барқ дар хонаҳои мардум аз соати 11 шаб то 5 бомдод хомӯш карда мешавад. Рустоҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз 22 соат аз нерӯи барқ маҳруманд. Коҳиши башиддати маҷрои оби рӯдхонаи Вахш ва поён рафтани сатҳи об дар обанбори Норак сабаби коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG