Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбакистон – дар як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар кардааст, ки ҳамсоягии неки Узбакистону Тоҷикистон таҳким хоҳад ёфт. Ин номаи Мирзиёев рӯзи 17 март дастрас шуда ва дар он ба рушди ҳамкориҳои, ба қавли ӯ, гуногунҷанбаи Тошканду Душанбе низ ишора гардидааст.

Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ин нома ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ навишта шудааст. Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфтааст, "Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд."

Ӯ афзудааст, "ин ҷашн ҳамчун рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн мебошад." Бино ба хабари вебсайти расмии президенти Тоҷикистон, рӯзи 17 март раҳбарони Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон низ Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфтаанд.

Ҷашни асосӣ ё расмии Наврӯзи имсола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор шуда, барои иштирок дар он меҳмонон аз Афғонистону Узбакистон даъват шудаанд. Ба муносибати ин ҷашн дар Тоҷикистон чаҳор рӯз таътил аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG